Тарзҳои пардохт
Хабарҳо

Барои пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми истифодаи Феҳристи мазкур ба Шумо 3 имконият фароҳам оварда шудааст.

  • question_answer1. Пардохти нақди тариқи шӯъбаҳои БДА ҶТ "Амонатбонк".
    Баъд аз пардохт намудан, нусхаи пардохтномаро бо сканер аксбардорӣ намуда, ба почтаи электронии info@fehrist.tj равон намоед. Дар давоми рӯзи корӣ, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин кормандони мо маблағи пардохтнамудаатонро ба суратҳисоби электронии шумо дар барнома сабт менамоянд. Баъди пайдо шудани маблағ дар Ӯтоқи шахсиатон, шумо метавонед амалиёти бақайдгириро гузаронед.
  • question_answer2. Пардохт ба воситаи ирсол кардани маблағ аз суратҳисоби бонкии Шумо ба суратҳисоби махсуси боҷи давлатӣ
    Баъд аз тарҳ шудани маблағҳо аз суратҳисоби бонкиатон, нусхаи пардохтномаро бо мӯҳри тасдиқкунандаи бонк тариқи сканер аксбардорӣ намуда, ба почтаи электронии info@fehrist.tj равон намоед. Дар давоми рӯзи корӣ, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин кормандони мо маблағи пардохтнамудаатонро ба суратҳисоби электронии шумо дар барнома сабт менамоянд. Баъди пайдо шудани маблағ дар Ӯтоқи шахсиатон, шумо метавонед амалиёти бақайдгириро гузаронед.
  • question_answer3. Пардохт бо истифода аз корти бонкии "Корти миллӣ" ба тариқи онлайн.
    Маблағҳои пардохткардаи Шумо, ҳамон лаҳза ба таври автоматӣ ба суратҳисоби Шумо интиқол дода мешаванд. Амалиёти пардохт бо корти бонкӣ бе иштироки оператор сурат мегирад, яъне ин тарзи пардохт ба Шумо имконият медиҳад, ки аз коргоҳи худ набаромада, 24 соат аз хизматрасониҳои Феҳрист истифода намоед.

РЕКВИЗИТҲО БАРОИ ПАРДОХТИ БОҶИ ДАВЛАТӢ

Тамос call
+992 37 227 38 69
Суроға location_on
734000, Душанбе, х.Рӯдакӣ 25
Email email
info@fehrist.tj
Пайвандҳои муфид
Пайвандҳои муфид